Феврал 10, 2018 11:07 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Созмони миллал аз вазъияти буҳронии Сурия

Созмони миллали муттаҳид аз идомаи буҳрон дар Сурия ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Фарҳон Ҳақ -сухангӯи  Антонио Гутеррес- дабири кулли Созмони миллали мутаҳид бо ибрози нигаронӣ аз  вазъияти бади инсонӣ дар Сурия аз тарафайни даргирӣ хост, ки ҳарчи зудтар ба хушунатҳо поён диҳанд.

Пез аш ин низ тими иннсонии Созмони миллал дар Сурия дар бораи паёмадҳои эҳтимолии бархоста аз буҳрони инсонии рӯзафзун дар минтақаҳои мухталифи Сурия ҳушдор дода буд.

Сурия ҳудуди ҳафт сол аст бо ҳузури гуруҳҳои мусаллаҳ ва террористӣ ҳамчун ДИИШ ва Ҷабҳатулнасара, ки аз сӯи ғарб ва бархе кишварҳои минтақа ҳимоят мешаванд бо буҳрон ру ба ру аст.

 

Барчасп