Феврал 10, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар лузуми таваққуфи ҷанги Яман

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати таваққуфи фаврии ҷанг ва бомбаборони Яман, таъкид кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар дидори Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи Ансоруллоҳи Яман дар Теҳрон, бо ҳушдор дар бораи бурузи фоҷиаи инсонӣ дар Яман, ба далели тадовуми ҳамалоти ҳавоии ноҷавонмардонаи эътилоф ба саргардагии Арабистони Саудӣ зидди мардуми он кишвар, ирсоли фаврии кумакҳои башардӯстона ва инсонӣ ба мардуми Яман аз сӯи ҷомеаи ҷаҳониро, хостор шуд.

Сухангӯи Ансоруллоҳи Яман низ гузорише аз авзои ҷорӣ дар Яман, бавижа вазъияти нобсомони инсонӣ дар ин кишвар ироа кард.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ, мунҷар шудааст.

 

 

Барчасп