Феврал 11, 2018 21:38 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ғайринизомиён дар ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба ғарби Яман

Дар ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ба устони Ал Ҳудайда дар ғарби Яман, 9 шаҳрванди яманӣ аз ҷумла панҷ зан кушта шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии ямании “Ал Масира”, ҷангандаҳои Саудӣ рӯзи якшанбе чанд бор манотиқи мухталифи устони Саъда, дар шимоли Яманро ҳам бомбаборон карданд, ки бар асари ин ҳамалот, хисороте ба хонаҳо ва амволи мардум ворид шуд.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ, пойгоҳи низомии «Ал Дайламӣ»-ро низ дар устони Санъо, пойтахти Яман бомбаборон карданд.

Дар ҳамин ҳол, Шаъс, коршиноси масоили сиёсӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи «Пресс Тв» гуфт, ҳадафи Арабистони Саудӣ аз идомаи ҷанг бо Яман, нобудии комили ин кишвари фақири арабӣ аст ва Риёз қасд дорад, ба ҳар шакле ба ин ҳадафи худ бирасад.

Ин коршиноси масоили сиёсӣ тасреҳ кард, саудиҳо ҳазорон нерӯи муздӯрро барои ҳамла ба Яман бакор гирифтанд ва ин неруҳо ҷиноёте ҳамонанди ДИИШ дар Яман, муртакиб шуданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 ба Яман ҳамла карда ва сипас ин кишварро таҳти муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ қарор дода аст. Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман токунун ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ, мунҷар шудааст.

 

Барчасп