Асад: Муборизаи мо бо терроризм дифо аз ҳамаи ҷаҳон аст (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i31551-Асад_Муборизаи_мо_бо_терроризм_дифо_аз_ҳамаи_ҷаҳон_аст_(видео)
Раиси‎ҷумҳури Сурия гуфт, ҷанги неруҳои артиши Сурия бо терроризм, на фақат барои дифо аз кишвари худ, балки барои дифо аз ҳамаи кишварҳо аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 19, 2018 13:09 Asia/Dushanbe

Раиси‎ҷумҳури Сурия гуфт, ҷанги неруҳои артиши Сурия бо терроризм, на фақат барои дифо аз кишвари худ, балки барои дифо аз ҳамаи кишварҳо аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Башор Асад дар боздид аз мавозеи артиши ин кишвар дар хатти муқаддами ҷанг дар Ғутаи шарқӣ, дар ҷамъи неруҳои сурӣ, афзуд, муодилоти ҷаҳон бо шиллики ҳар гулӯлаи низомиёни сурӣ барои ҳалокати террорист‎ҳо ва нақшаи сиёсии ҷаҳон бо пешравии неруҳои артиши Сурия ба самти ҷилав, тағйир мекунад.

Башор Асад ҳузури неруҳои артиши Сурия дар масири мубориза бо терроризмро ифтихоромез донист ва тасреҳ кард, ин неруҳо ҳамонтавр, ки бо истиқлоли Сурия гоме таърих‎соз бардоштаанд, имрӯз низ ба таърихсозӣ идома медиҳанд.

Раиси‎ҷумҳури Сурия рӯзи якшанбе пас аз боздид аз пойгоҳҳои артиши Сурия дар Ғӯтаи шарқӣ бо теъдоде аз аҳолии Ғӯтаи шарқт ҳам дидор ва гуфтугӯ кард.

Артиши Сурия пас аз 18 рӯзи даргирӣ бар 80 дарсади масоҳати таҳти ишғоли террористҳо дар Ғӯтаи шарқӣ, мусаллат шудааст.

Артиш ва неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳамчунон дар ҳоли пешравӣ дар манотиқи мухталифи Ғӯтаи шарқӣ ҳастанд.

Гурӯҳҳои террористии мустақар дар Ғӯтаи шарқӣ бештари манотиқи маскунии Димишқро бо шиллики мушак ва хумпора ҳадаф қарор медиҳанд ва боиси кушта ва ё маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони сурӣ шудаанд.