Август 29, 2016 16:27 Asia/Dushanbe
  • Нажодпарастии Исроил дар заминаи манобеи обӣ

Манобеи фаластинӣ аз идомаи иқдомоти нажодпарастонаи режеми саҳюнистӣ дар бастани об, ба рӯйи фаластинёни сокини Каронаи бохтарии руди Урдун хабар доданд.

Канали "ARD", аз шабакаҳои телевизионии Олмон, тайи барномае дар сарзаминҳои ишғолӣ, режеми саҳюнистиро ба адами таъмини оби кофӣ барои фаластинёни сокин дар Каронаи бохтарии руди Урдун муттаҳам кард, ки бо интиқоди густурдаи сиёсатмадорон ва расонаҳои ин режем рӯбарӯ шуд.

Дар пайи иқдомоти ғайриқонунии ширкати оби Макроти режеми саҳюнистӣ тайи моҳҳои ахир, даҳҳо ҳазор фаластинӣ бо коҳиши шадиди манобеи обӣ мувоҷеҳ шуда ва дар шароити бисёр сахте қарор доранд.

Ромӣ Ҳамдуллоҳ- нахуствазири Фаластин, иқдоми режеми саҳюнистӣ дар қатъи оби ошомидании фаластинёнро ғайриинсонӣ донист ва гуфт, ин режем бо қатъи оби ошомидании фаластинён мехоҳад онҳоро таҳти фишор қарор диҳад, то фаластинён манозилшонро тарк кунанд.

Ҳамчунин як созмони ҳуқуқии Исроил фош кард, ки шаҳракнишинон ба таври мудовим дар талош барои масмум кардани оби ошомидании фаластиниҳои сокини шаҳракҳо ва рустоҳои нуқоти мухталифи Каронаи бохтарӣ ҳастанд, то бо водор кардани фаластиниҳо ба тарки хонаҳояшон фурсати тасаллути шаҳракнишинон бар амлоки онон фароҳам шавад.

 

Барчасп