Март 29, 2018 18:47 Asia/Dushanbe
  • Кумаки муфтиҳои Саудӣ ба режими Исроил

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ барои номашрӯъ донистани баргузории роҳпаймоии “Бозгашт», ки қарор аст, рӯзи ҷумъа дар марзи Ғазза бо Фаластини ишғолӣ баргузор шавад, аз фатвои муфтиҳои Саудӣ кумак гирифт.

Ба гузориши пойгоҳи “Арабӣ-24”, Авикай Адраи (Avichay Adraee), сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо дигар мақомоти режими саҳюнистӣ ба тазоҳуроти мусолиматомезе, ки қарор аст, рӯзи ҷумъа, 30-юми март дар марзи навори Ғазза бо Фаластини ишғолӣ баргузор шавад, ҳамла карда, онро «роҳпаймоии ошӯб» номид. Бар асоси ин гузориш, Адраи барои номашрӯъ хондани роҳпаймоии “Бозгашт” ба фатвои Солеҳ ибни Фавзон, узви ҳайати уламо ва Кумитаи доимии фатвои Арабистон истинод кард, ки гуфта буд: «Тазоҳуротҳо ва таҳассунҳо (навъе аз эътироз) марбут ба мусалмонон нест ва аз корҳои куффор аст». Ӯ ҳамчунин ба фатвои Муҳаммад ибни Солеҳ Алусаймин, яке аз дигар муфтиҳои Арабистон ишора кард, ки гуфтааст: «Таҳассун шар аст, зеро мунҷар ба ошӯб мешавад».

Дар чанд рӯзи ахир мақомоти мухталифи режими саҳюнистӣ алайҳи ин роҳпаймоӣ суҳбат кардаанд. Гади Айзенкут, раиси Ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ гуфта, беш аз 100 тактирандоз (снайпер)-ро дар марзи Фаластини ишғолӣ бо навори Ғазза барои муқобила бо тазоҳуркунандагони фаластинӣ мустақар мекунад.

 

Барчасп