Дидори валиаҳди Арабистон бо мақоми аршади амниятии режими саҳюнистӣ
Март 30, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
Раиси ситоди артиши режими саҳюнистӣ аз дидори валиаҳди Саудӣ бо як мақоми аршади амниятии ин режим хабар дод.
Ба нақл аз Алмаёдин, Гади Эйзенкот дар гуфтугӯ бо рӯзномаи исроилии Маарив гуфт: Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ бо Меир Бен-Шаббат , раиси Шӯрои амнияти қавмии Исроил дидор кардааст.
Эйзенкот афзуд: Дар ҳоли ҳозир ҳамкориҳои иттилоотӣ ва амниятӣ байни Исроил ва бархе кишварҳои арабӣ вуҷуд дорад.
Як соли гузашта раванди оддисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ шиддат гирифтааст.
Ҳамзамон бо талоши Оли Сауд барои оддисозии равобит бо режими Исроил ва созиш дар бораи масъалаи Фаластин, Иморот ва Баҳрайн низ талошҳои мушобеҳеро дар дастури кор қарор додаанд.