Дидори валиаҳди Арабистон бо мақоми аршади амниятии режими саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i31984-Дидори_валиаҳди_Арабистон_бо_мақоми_аршади_амниятии_режими_саҳюнистӣ
Раиси ситоди артиши режими саҳюнистӣ аз дидори валиаҳди Саудӣ бо як мақоми аршади амниятии ин режим хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 30, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Дидори валиаҳди Арабистон бо мақоми аршади амниятии режими саҳюнистӣ

Раиси ситоди артиши режими саҳюнистӣ аз дидори валиаҳди Саудӣ бо як мақоми аршади амниятии ин режим хабар дод.

Ба нақл аз Алмаёдин, Гади Эйзенкот дар гуфтугӯ бо рӯзномаи исроилии Маарив гуфт: Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ бо Меир Бен-Шаббат , раиси Шӯрои амнияти қавмии Исроил дидор кардааст.

Эйзенкот афзуд: Дар ҳоли ҳозир ҳамкориҳои иттилоотӣ ва амниятӣ байни Исроил ва бархе кишварҳои арабӣ вуҷуд дорад.

Як соли гузашта раванди оддисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ шиддат гирифтааст.

Ҳамзамон бо талоши Оли Сауд барои оддисозии равобит бо режими Исроил ва созиш дар бораи масъалаи Фаластин, Иморот ва Баҳрайн низ талошҳои мушобеҳеро дар дастури кор қарор додаанд.