Тавофуқи Ироқ ва Сурия барои ҳифозат аз манотиқи марзӣ
Қосим Алъараҷӣ, вазири кишвари Ироқ аз тавофуқи Бағдод-Димишқ барои ҳифозат аз манотиқи таҳти контроли давлати Сурия дар муҷовирати марзҳои Ироқ хабар дод.
Қосим Алъараҷӣ гуфт: Аз онҷо, ки ҳануз гурӯҳи террористии ДИИШ бархе манотиқро дар Сурия, таҳти ишғол дорад, Димишқ ва Бағдод, ҳама талоши худро барои барқарории амният дар марзҳои ду кишвар ба кор хоҳанд гирифт.
Дар ҳамин иртибот, Ҳомид Алҳусайнӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзии Ироқ бо ишора ба вуҷуди мушкилоте дар марзҳои Ироқ ва Арабистон, ки ба кушта ва захмӣ шудани рӯзонаи теъдоде аз нерӯҳои ироқӣ мунҷар мешаванд, дар бораи фиқдони ҳамкории Риёз бо Бағдод дар заминаи мубориза бо терроризм ибрози таассуф кард.
Бинобар эъломи манобеи амниятӣ, садҳо террорист дар минтақаи Водиалқазаф дар мусалласи марзии Ироқ, Урдун, Арабистон ҷамъ мешаванд, то омӯзишҳои лозимро зери назари амрикоиҳо фаро бигиранд.