Дувумин ҷумъаи роҳпаймоии «Ҳаққи бозгашт»
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i32244-Дувумин_ҷумъаи_роҳпаймоии_Ҳаққи_бозгашт
Фаластиниҳои сокини борикаи Ғазза дар дувумин роҳпаймоии «Ҳаққи бозгашт» дар марзи борикаи Ғазза бо Фаластини ишғолӣ тазоҳурот карданд ва бо низомиёни саҳюнист даргир шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 06, 2018 18:24 Asia/Dushanbe
  • Дувумин ҷумъаи роҳпаймоии «Ҳаққи бозгашт»

Фаластиниҳои сокини борикаи Ғазза дар дувумин роҳпаймоии «Ҳаққи бозгашт» дар марзи борикаи Ғазза бо Фаластини ишғолӣ тазоҳурот карданд ва бо низомиёни саҳюнист даргир шуданд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии “Фаластин”, ҳазорон нафар аз фаластиниҳои сокини борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии рӯди Урдун рӯзи ҷумъа, шашуми апрел дар роҳпаймоии «Ҳаққи бозгашт», ки дар манотиқи марзӣ бо Фаластини ишғолӣ баргузор мешавад, ҳузури густурда доранд. Тазоҳуркунандагони фаластинӣ дар Ғазза тасовири подшоҳи Арабистон, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар ва тасовири нахуствазири режими саҳюнистиро ба оташ кашиданд. Артиши режими саҳюнистӣ, ки пешбинӣ карда ҳудуди 50 ҳазор фаластинӣ дар дувумин ҷумъаи роҳпаймоии “Ҳаққи бозгашт” дар панҷ нуқтаи марзӣ дар борикаи Ғазза ширкат мекунанд, барои муқобила бо тазоҳуркунандагон садҳо нерӯи низомӣ, чанд танк ва мошини обпош дар марзи борикаи Ғазза мустақар кардааст.

Бо шурӯи роҳпаймои “Ҳаққи бозгашт” низомиёни режими саҳюнистӣ ба самти ҷавонони муборизи фаластинӣ гази ашковар ва норинҷаки дудзан шиллик карданд. Дар ҳамин ҳол, манобеи маҳаллӣ аз шиллики тактирандоз (снайпер)-ҳои саҳюнист ба сари як ҷавони фаластинӣ ва захмӣ шудани се фаластинии дигар дар даргирӣ бо низомиёни саҳюнист дар Ҷабилия, шимоли Ғазза хабар медиҳанд. Ҷумъаи гузашта низ ҳазорон фаластинӣ дар Рӯзи замин дар тазоҳуроти мусолиматомези «Ҳаққи бозгашт» дар марзи борикаи Ғазза бо сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин ширкат карданд, ки бо ҳамлаи низомиёни исроилӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин ҳамла 20 фаластинӣ шаҳид ва ҳудуди 1400 тан низ захмӣ шуд.