Апрел 07, 2018 20:36 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳи Яман: Тафаккуроти Муҳаммад ибни Салмон саҳюнистӣ аст

Масъули равобити байналмилалии Шӯрои сиёсии Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, суханони валиаҳди Арабистон беш аз он ки Саудӣ бошад, саҳюнистӣ аст ва бахше аз тарҳи Ховари Миёнаи ҷадид аст.

Ба гузориши “Спутник”, Ҳусайн Ал Азӣ, масъули равобити байналмилалии Шӯрои сиёсии Ансоруллоҳи Яман дар вокуниш ба иддаоҳои ҷадид ва зидди эронии Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, гуфт, суханони ибни Салмон бахше аз тарҳи Ховари Миёнаи ҷадид аст, ки Амрико ва Исроил бо ҳадафи нобудии ормони Фаластин думбол мекунанд.

Ал Аъзӣ дар бораи робита кишвараш бо Эрон таъкид кард, Яман барои Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтироми зиёде қоил аст, зеро дар умури дигарон дахолат намекунад ва миёни Яман ва Эрон низ душманӣ вуҷуд надорад, чаро ки Эрон, Яманро бомбаборон накарда ва таҳти муҳосира қарор надодааст.

Вай хотирнишон кард, Арабистон ҳаққ надорад, ки равобити Яманро мушаххас кунад, чаро ки Яман кишваре мустақил аст ва имкон надорад, ки ба ҳаёти хилвати Арабистон ва дигарон табдил шавад.

Валиаҳди Арабистони Саудӣ рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо нашрияи амрикоии «Тайм», Эронро душмани муштарак барои Риёз ва Тел Авив донист.

 

Барчасп