Апрел 14, 2018 17:20 Asia/Dushanbe
  • Интихоби Қудс ба унвони пойтахти гардишгарии арабӣ

Созмони гардишгарии арабӣ, Қудсро ба унвони пойтахти гардишгарии арабӣ дар соли 2018, интихоб кард.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, раиси Созмони гардишгарии арабӣ эълом кард, интихоби Қудс дар пайи мувофиқат бо пешниҳоди ин созмон дар нишасти вазирони гардишгарии кишварҳои арабӣ дар шаҳри Қоҳира, сурат гирифт.

Бандар ибни Фаҳд Ал Фаҳид, бо таъкид бар арабӣ ва исломӣ будани Байтулмуқаддас, гуфт, ин интихоб баёнгари эҳтироми вижаи Созмони гардишгарии арабӣ ба ҷойгоҳи таърихӣ ва динии Қудс, назди кишварҳои арабӣ аст.

Шаҳри Қудс, ки Масҷид-ул Ақсо, нахустин қиблаи мусулмононро дар худ ҷо дода, бахши ҷудонопазири Фаластин ва аз муҳиммтарин маконҳои муқаддаси исломӣ ба шумор меояд.

 

Барчасп