Апрел 14, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Вуруди бозрасони Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ ба Думаи Сурия

Созмони Милали Муттаҳид аз вуруди бозрасони Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ ба Дума дар атрофи Димишқ, хабар дод.

Ба гузориши “Ал Нашра”, вуруди бозрасон ба думболи иддаоҳо бино бар истифодаи Димишқ аз силоҳи кимиёвӣ дар Дума ва дархост барои таҳқиқоти мустақил дар ин бора, сурат гирифт.

Давлати Сурия аз Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ хоста буд, тиме аз коршиносонро ба Дума эъзом кунад.

Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи доими Сурия дар Созмони Милал, гуфтааст, ин кишвар заминаи дастрасии осони тими бозрсони Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ ба ҳар нуқтае аз Думаро фароҳам мекунад.

Расонаҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гузашта, муддаии истифода аз таслиҳоти кимиёвӣ дар шаҳри Дума дар Ғутаи шарқии Сурия шуданд ва дар идомаи ин сенария, бомдоди имрӯз (шанбе) Амрико, Бритониё ва Фаронса чанд минтақа дар Сурияро бидуни муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд.

 

Барчасп