Апрел 22, 2018 21:25 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми анбори таслиҳоти муздурони Саудӣ дар шимоли Яман

Нерӯҳои амниятии Яман, як анбори таслиҳоти муздурони режими Оли Саудро дар шимоли Яман мунҳадим карданд.  

Дар ин амалиёт, ки якшанбе дар устони Алҷавфи Яман рӯй дод, шуморе аз муздурони Саудӣ ба ҳалокат расиданд.  

Ин дар ҳолест, ки бомбборони манотиқи мухталифи Яман аз сӯи ҷангандаҳои Саудӣ идома дорад. Шабакаи телевизионии Алмасираи Яман эълом кард, бар асари ҳамлаи мушакӣ ва тупхонаии Арабистон ба минтақаи Алғур дар устони Саъдаи Яман шуморе аз шаҳрвандони яманӣ кушта ва маҷрӯҳ шуданд.  

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

Барчасп