Август 31, 2016 17:36 Asia/Dushanbe
  • 20 кушта дар охирин ҳамлаҳои ҳавоии Арабистон ба Яман

Дар охирин ҳамлаҳои маргбори ҳавоии Арабистон ба Яман, дастикам 20 тан ҷон бохтанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ал-Масира, ҳавопаймоҳои Саудӣ бомдоди чаҳоршанбе, маҳаллаҳоеро дар наздикии Донишкадаи низомии шаҳри Санъо бомбаборон карданд, ки дар пайи он 4 ғайринизомӣ кушта ва шуморе дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин росто, 16 шаҳрванди яманӣ, ки бештари онон зан ва кӯдак ҳастанд дар бомбаборони минтақаи маскунии ас-Саҳн, воқеъ дар вилояти Саъда дар шимоли Яман, ҷони худро аз даст доданд.

Аз тарафе, ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ, додгоҳеро дар вилояти Умрон воқеъ дар шимоли Яман дар се навбат бомбаборон карданд, ки ба маҷрӯҳ шудани ғайринизомиён анҷомид.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷейм Мак Голдрик, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милал дар Яман, рӯзи сешанбе таъйид кард, ки аз замони таҷовузи 18-моҳаи таҳти амри Арабистон, дастикам 10 ҳазор нафар дар Яман кушта шудаанд.

 

Барчасп