Апрел 28, 2018 08:01 Asia/Dushanbe
  • Бин Салмон дар паий интиқоли ҷанг аз Яман ба Лубнон

Рӯзномаи лубнонии ал-Ахбор номаеро мунташир кардааст, ки аз талоши Муҳаммад бин Салмон валиаҳди Арабистон барои интиқол ҷанг аз Яман ба Лубнон ҳикоят дорад.

Рӯзнома ал-Ахбор Лубнон номае аз Юсуф ал-Атиба сафири Иморот дар Вашингтон мунташир кард, ки ба дархост Абдурраҳмон ас-Садҳон мушовири валиаҳди Арабистон барои интиқоли ҷанг аз Яман ба Лубнон ишора шудааст.

Ин нома ҳамчунин ба масъалаи таҳдиди Саъд ал-Ҳарирӣ нахуствазири Лубнон дар рӯзи боздошташ ба баҳонаи ҳамкориҳои молиаш аз сӯи Риёз пардохта аст.

Дар пайи тӯлонӣ ва бенатиҷа будани ҷанг бо Яман, буҳрони дипломатӣ бо Қатар ва низ моҷарои истеъфои ал-Ҳарирӣ нахуствазири Лубнон, Арабистон дар ҳар се маврид бо нокомӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ал-Ҳарирӣ ноябри 2017 дар сафари ғайримунтазира озими Арабистон шуд ва пас аз матраҳ кардани изҳороти тунд алайҳи Эрон ва Ҳизбуллоҳ истеъфо дод, аммо як моҳ баъд аз эъломи истеъфои худ бо миёнҷигарии Фаронса ба Бейрут бозгашт ва бо ройзании мақомоти лубнонӣ, истеъфои худро пас гирифт.

Норавшаниҳои зиёде дар хусуси ин воқеаҳо ҳамчунон боқӣ аст, ки боис шуда афкори умумии Лубнон нигарони идомаи фишорҳои Арабистон бар Бейрут ба шаклҳои мухталиф бошад.

Арабистон чанде пеш низ аз тариқи рӯёрӯии Лубнон бо гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ дар пайи ноамн кардани ин кишвар ва баҳрагирӣ аз ин вазъият буд, ки бо зарбаҳои кӯбандаи артиш ва муқовимати Лубнон ба террористҳои такфирӣ, ин тавтиаи саудиҳо бо шикаст мувоҷеҳ шуд.

 

Барчасп