Май 09, 2018 18:29 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши фаластиниҳо ба озодии низомии саҳюнисти қотил

Вазорати хориҷаи Фаластин озод кардани низомии исроилии қотили як фаластинии захмиро иқдоме ба манзури ташвиқи саҳюнистҳо ба қатли фаластиниҳо хонд.  

Вазорати хориҷаи Фаластин дар баёнияе ҳукми озодии қотили исроилиро нажодпарастона донист ва эълом кард: Ин ҳукм чароғи сабзе барои ташвиқ ба куштори бидуни тарси фаластиниҳо ва идомаи ҷиноят дар ҳаққи фаластиниҳои бегуноҳ аст.  

Элур Азария, низомии фаронсавӣ-исроилӣ 24 марти 2016 дар шаҳри Алхалил дар Каронаи бохтарии руди Урдун Абдулфаттоҳ Алшариф, ҷавони фаластинии 21 соларо, ки захмӣ рӯи замин афтод буд, аз фосилаи наздик чандин бор ҳадаф қарор дод ва ба қатл расонд.   

Режими саҳюнистӣ ибтидо 18 моҳ зиндон барои вай таъин кард, аммо раиси ситоди артиши режими саҳюнистӣ марти гузашта чаҳор моҳ аз муддати боздошти ӯро кам карду сипас дастур дод, дар муҷозоти вай тахфиф дода шавад.  

Режими саҳюнистӣ сешанбе Азарияро пас аз камтар аз 9 моҳ зиндон, озод кард.

 

Барчасп