Май 12, 2018 17:36 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи муҷаддади Арабистон аз бомбаҳои хӯшаӣ алайҳи мардуми Яман

Як хабарнигори яманӣ дар як барномаи зиндаи телевизионӣ, пораҳои бомбаҳои хӯшаиро, ки Арабистон дар пойтахти Яман истифода кардааст, ба намоиш гузошт.

Ба гузориши “Ал Масдар нюс”, хабарнигори яманӣ рӯзи ҷумъа дар барномаи зиндаи телевизионӣ бо нишон додани пораҳои бомбаҳои хӯшаии Арабистон дар ҳамлаи даҳуми май, ба минтақаи Ҳамдон дар устони Санъо гуфт, дастикам шаш нафар аз ҷумла ду кӯдак дар ин ҳамла ҷон бохтанд.

Хабарнигори яманӣ бо ишора ба ин ки ҳамалоти эътилофи Арабистон ба Яман монеи анҷоми фаъолиятҳои имдодгарон шудааст, афзуд, Амрико ҳар гуна кумакҳо, аз ҷумла таҳияи нақша ва тасовири моҳвораиро дар ихтиёр Арабистон қарор медиҳад.

Ба гуфтаи ин хабарнигор, Амрико нефти Арабистонро чаповул мекунад ва ба изои он, бомбаҳоеро дар ихтиёри ин кишвар қарор медиҳад, то мардуми Яманро бикушад.

Фурӯши бомбҳои хӯшаии тавлиди Амрико ва Англия ба Арабистон ва ба коргирии ин бомбаҳо алайҳи ғайринизомиёни яманӣ дар ҳоле идома дорад, ки истифода аз бомбҳои хӯшаӣ бар асоси Конвенсияи муҳиммоти хӯшаӣ, мусавваби соли 2008 мамнуъ аст.

Арабистон аз марти 2015 бо ҳимояти давлатҳои ғарбӣ бавижа Амрико ва Англия ва бархе кишварҳои араби минтақа, илова бар ҳамлаи низомӣ ба Яман, дар ин муддат борҳо бо бомбаҳои хӯшаӣ мардуми ин кишварро ҳадаф қарор дод, ки абъоди ҳавлноктаре ба ҷиноёти Оли Сауд дар Яман додааст.

 

Барчасп