Май 14, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
  • 54 сафири хориҷӣ маросими режими саҳюнистиро таҳрим карданд

54 сафири хориҷии муқими Тел-Авив маросими вижаи режими Исроил пеш аз интиқоли сафорати Амрико ба шаҳри ишғолии Қудсро, таҳрим карданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, вазорати хориҷаи режими Исроил якшанбешаб маросимеро дар остонаи интиқоли сафорати Амрико аз шаҳри Тел-Авив ба шаҳри ишғолии Қудс баргузор кард, аммо 54 сафири хориҷӣ аз маҷмӯи 86 сафири хориҷии муқими Тел Авив, аз ҳузур дар ин маросим худдорӣ карданд.

Рӯзномаи саҳюнистии "Гааретс" навишт, аксари кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар маросим ширкат накарданд, зеро сиёсати қотеъе дар қиболи интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Қудс доранд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, сафирони кишварҳои Русия, Миср, Ҳинд, Япония ва Мексика низ дар маросим ҳузур надоштанд.

Танҳо 32 сафир, аз ҷумла фақат чаҳор сафир аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо яъне сафирони Утриш, Венгрия, Руминия ва Чехия ба ҳамроҳи панҷ кишвар аврупоии ғайри узв дар Иттиҳоди Аврупо шомили Албания, Македония, Сербистон, Украина ва Гурҷистон дар ин маросим ширкат доштанд.

Ҳамчунин 12 кишвари африқоӣ Камерун, Конго демократик, ҷумҳурти Конго, Соҳили Оҷ, Кения, Судони Ҷанубӣ, Танзания, Эфиопия, Нигерия, Замбия ва Руандо дар ин маросим ҳузур доштанд.

Аз Амрикои Марказӣ низ сафирони панҷ кишвар ҷумҳурии Доминика,  Гватемала, Панама ва Гондурас ва аз Амрикои Ҷанубӣ фақат Парагвай ва Перу дар маросим ширкат карданд.

Чаҳор кишвари Миёнмор, Филиппин, Таиланд ва Ветнам низ аз қораи Осиё дар маросими режими Исроил пеш аз интиқоли сафорати Амрико ба шаҳри ишғолии Қудс, ширкат доштанд.

 

Барчасп