Ҳушдори сафири Фаластин дар Амрико дар бораи авзои Қудс
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i34099-Ҳушдори_сафири_Фаластин_дар_Амрико_дар_бораи_авзои_Қудс
Сафири Фаластин дар Амрико ҳушдор дод, интиқоли сафорати Амрико ба Қудс ба маънии доман задан ба даргириҳои мазҳабӣ аст.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Май 14, 2018 15:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сафири Фаластин дар Амрико дар бораи авзои Қудс

Сафири Фаластин дар Амрико ҳушдор дод, интиқоли сафорати Амрико ба Қудс ба маънии доман задан ба даргириҳои мазҳабӣ аст.

Ҳусом Зомлот гуфт: Интиқоли сафорати Амрико ба ҷои эътибор бахшидан ба сулҳ ва оромиш боиси ривоҷ ёфтани даргирии мазҳабӣ мешавад.

Сафири Фаластин дар Амрико афзуд: Ин иқдом нишонаи поёни давраи талошҳои байналмилалӣ барои ташкили кишвари Фаластин ва поён додан ба ишғолгарии Исроил аст.

Сафорати Амрико имрӯз дар ҳафтодумин солгарди таъсиси режими ишғолгари Исроил, ки мусулмонон онро рӯзи накбат мехонанд, ба таври расмӣ аз Телавив ба Қудс мунтақил мешавад.