Май 16, 2018 20:17 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти сокинони Телавив дар эътироз ба куштори мардуми Ғазза

Садҳо сокини Телавив сешанбе шаб дар эътироз ба куштори мардуми Ғазза ба дасти низомиёни саҳюнист тазоҳурот карданд.

Исроилиҳои муътариз, ки плакатҳое бо мазмуни “Ғаззаро озод кунед”, “Дар баробари ишғолгарӣ муқовимат мекунем”, “Ишғолгариро поён диҳед” ва “Шиллики маргборро мутаваққиф кунед” дар даст доштанд, ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва сиёсатҳои ин режим, зидди фаластиниёнро маҳкум карданд.  

Тазоҳуркунандагон таъкид карданд, бештари касоне, ки дар тазоҳурот дар марзи Ғазза ба шаҳодат расиданд, ҷавон ва ғайримусаллаҳ буданд ва яҳудиён наметавонанд дар баробари куштори мардуми Ғазза сокит бимонанд.

 

Барчасп