Май 17, 2018 16:05 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад ибни Салмон зинда аст?

Ғайб задани тӯлонии валиаҳди Арабистон дар расонаҳо ва назари умумӣ дар пайи ҳодисаи тирандозӣ дар Кохи подшоҳии ин кишвар дар шаҳри Риёз, ба шиддат хабарсоз шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ғайбати Муҳаммад ибни Салмон пас аз ҳодисаа тирандозӣ дар наздикии Кохи подшоҳии Саудӣ дар минтақаи Алхазомӣ воқеъ дар шаҳри Риёз, дар шомгоҳи 21 апрел оғоз шуд.

Билофосила пас аз ин ҳодиса бархе аз расонаҳо аз эҳтимоли кудатои теъдоде аз шоҳзодагони Саудӣ ва талоши онҳо барои террори Муҳаммад ибни Салмон, хабар доданд.

Пулиси Риёз шаби ҳодиса бо таъйиди хабари тирандозӣ дар атрофи Кохи Саудӣ, иллати онро вуруди як паҳподи асбоббозӣ ба ҳарими ҳавоии кох эълом кард, аммо пахши филмҳое аз ҳодиса, ки ба иштирок гузошта шуд, чизе ғайр аз иддаои пулисро нишон медод.

Муҷтаҳид, фаъоли “Твиттер”-ӣ ва ифшокунандаи асрори дохилии Оли Сауд низ бо радди ривояти ҳукумати Саудӣ аз ҳодиса тирандозӣ, ба нақл аз манобеи огоҳи худ навишт, ҳадафи ҳамла шахси Муҳаммад ибни Салмон буда ва ҳафт тан аз тарафайн дар ин даргирӣ кушта шудаанд.

Пас аз ин ҳодиса Муҳаммад ибни Салмон дар расонаҳо тақрибан ҳузуре надошта ва аз сарнавишти вай, хабаре дар даст нест ва ҳатто ҳангоми сафари ахири Майка Помпео, вазири хориҷаи Амрико ба Арабистони Саудӣ низ дар расонаҳо зоҳир нашуд.

Рӯзномаи “Кайҳон” чопи Эрон дар ин бора навишт, як сервиси иттилоотӣ дар гузориши маҳрамонаи худ гуфта, дар даргириҳои 21 апрел ҳаддиақал ду гулӯла ба валиаҳди Саудӣ исобат кардааст ва эҳтимоли ин ки ӯ кушта шуда бошад, низ вуҷуд дорад.

Ба навиштаи “Кайҳон”, шавоҳиди фаровон ва қобили таваҷҷуҳе дар даст аст, ки нишон медиҳад, ғайбати наздик ба 30 рӯзаи Муҳаммад ибни Салмон табиӣ ба назар намерасад ва аз бурузи ҳодисае ҳикоят мекунад, ки талош мешавад аз диди дигарон пинҳон бимонад.

 

Барчасп