Май 17, 2018 19:51 Asia/Dushanbe
  • Вазири саҳюнист хостори террори раҳбарони Ҳамос шуд

Вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ бори дигар террори раҳбарони ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (ҲАМОС)-ро хостор шуд.

Ба гузориши  “Фаластин ал Явм”, Гулод Ардан гуфтааст, Исроил набояд ба Ҳамос иҷозаи анҷоми иқдомоти ба гуфта вай "таҳрикомез", монанди барпоии тазоҳуроти ҳаққи бозгашт бидиҳад.

Ин дуввумин бор тайи як ҳафтаи гузаштааст, ки Ардан дархости террори раҳбарони Ҳамосро матраҳ мекунад.

Вай ҳафтаи гузашта, дар мусоҳиба бо сайти ибризабони «Weint» эълом кард, аз саргирии террори раҳбарони Ҳамос, бахше аз роҳи ҳалли авзои навори Ғазза аст.

Душанбеи гузашта ҳамзамон бо баргузории ҷашни саҳюнистҳо барои интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Қудси ишғолӣ, низомиёни режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба фаластиниён, беш аз 60 фаластиниро шаҳид ва дастикам 3000 нафарро маҷрӯҳ карданд.

 

Барчасп