Май 23, 2018 19:48 Asia/Dushanbe
  • Даргирии даруни эътилоф, шохисаи муҳими чаҳорумин соли ҷанг алайҳи Яман

Пас аз даргириҳое, ки миёни Иморот ва Арабистон ва ҳамчунин миёни Иморот ва давлати мустаъфии Яман рух дод, нерӯҳои иморотӣ ва Қатар низ дар шаҳри Таиз дар ҷануби Яман даргир шуданд, ки чандин нафар аз тарафайн дар ин даргириҳо кушта ва захмӣ шуданд.  

Ҷанги Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш алайҳи Яман аз 26 марти 2018 вориди чаҳорумин сол шудааст.

Ба назар мерасад, яке аз муҳимтарин иттифоқҳо дар чаҳорумин соли ҷанги Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш алайҳи Яман, шиддат гирифтани даргириҳо дар даруни эътилоф ва ҳамчунин миёни бархе кишварҳои узви эътилоф бо давлати мустаъфии Яман бошад.

Таи танҳо ду моҳи гузашта даргириҳои мутааддиде миёни нерӯҳои иморотӣ бо нерӯҳои вобаста ба Арабистони Саудӣ дар ҷануби Яман ва миён нерӯҳои иморотӣ ва нерӯҳои Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман рух дод.

Акнун даргириҳо миён нерӯҳои иморотӣ ва нерӯҳои ҳаводори Қатар дар шаҳри ҷанубии Таиз гуё ин аст, ки ҷанг алайҳи Яман аз ҳадафи иддаоии аввалия яъне бозгардони ончи, ки машруият номиданд, ба таври куллӣ дур шудааст.  

Иморот беш аз соири аъзои эътилоф алайҳи Яман дарсадади дар ихтиёр гирифтани бархе аз манотиқи ҷанубии ин кишвар аст.

Иллати аслӣ низ ин аст, ки бархе манотиқи ҷанубии Яман аҳаммияти роҳбурдии дарёӣ доранд.

Барои мисол, дар мавриди бандари Алмахоъ дар Таиз ва бандари Адан, ки дар устони Адан қарор дорад ва аввалин бандари бузурги тиҷории Яман маҳсуб мешавад, Иморот талоши зиёде анҷом медиҳад, то контроли онҳоро дар ихтиёр дошта бошад.

Мустафо Мутаҳҳарӣ, коршиноси масоили ғарби Осиё бар ин бовар аст, ки Иморот бо таваҷҷуҳ ба роҳбурди афзоиши арсаҳои нуфузи худ дар минтақа ва ҳатто ҷаҳони ислом дарсадади афзоиши умқи стратегии худ аст.  Ҳокимони Иморот бо илм ба ин амр, ки шимоли Яман бо ҳузури якпорчаи ҳусиҳо ва дигар қабоили ҳамроҳи онҳо ғайри қобили нуфуз аст, тамаркуз ва ҳадафи худро бар ҷануби Яман қарор доданд.

 

Барчасп