Май 26, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани Муҳаммад ибни Салмон сиҳат дорад

Дар пайи ғайб задани беш аз як моҳаи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ, Муҳаммад ибни Ноиф, валиаҳди собиқи Арабистон захмӣ шудани ибни Салмон дар ҳодисаи минтақаи Алхазомиро таъйид кард.

Муҳаммад ибни Салмон аз 21 апрел ва пас аз ҳодисаи тирандозӣ дар наздикии Кохи подшоҳи Саудӣ дар минтақаи Алхазомӣ дар шаҳри Риёз, дар расонаҳо ва назари умумӣ ҳузур надошта ва аз сарнавишти вай хабаре дар даст нест.

Вай ҳатто ҳангоми сафари ахири Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико ба Арабистони Саудӣ низ дар расонаҳо зоҳир нашуд.

Муҳаммад ибни Ноиф, валиаҳди собиқи Арабистони Саудӣ дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт: «тасовири мунташир шуда аз ибни Салмон қадимӣ аст ва хабаре аз вай дар расонаҳо мунташир намешавад; Қарор буд ибни Салмон дар варзишгоҳи Ал Ҷавҳара ҳозир шавад, аммо ҳузур наёфт».

Валиаҳди собиқи Саудӣ тасреҳ кард, «иттилооте, ки дар бораи захмӣ шудани ибни Салмон дар ҳодисаи Алхазомӣ мунташир шуда саҳеҳ аст, захми ибни Салмон ҷони вайро таҳдид намекунад, аммо агар захмӣ шудани вай ифшо шавад, барои раванди фаъолияти вай хатарнок хоҳад буд».

Пештар ҳам Бадр Аласокар, мудири дафтари вижаи валиаҳди Арабистон (18май) дар вокуниш ба хабарсоз шудани ғайбати Муҳаммад ибни Салмон дар расонаҳо бидуни ишора ба замони он, муддаӣ шуда буд, ибни Салмон чанд рӯз пеш меҳмони Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисиҷумҳури Миср будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ин дидор панҷуми марти 2018 анҷом шуда буд.