Хашми саудиҳо аз ифшогарии Макрон дар бораи боздошти Саъд Ҳарирӣ дар Арабистон
(last modified 2018-05-29T14:37:57+00:00 )
Май 29, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Хашми саудиҳо аз ифшогарии Макрон дар бораи боздошти Саъд Ҳарирӣ дар Арабистон

Суханони ахири раисҷумҳури Фаронса дар бораи боздошти чанд ҳафтаии нахуствазири Лубнон дар Арабистон, хашми мақомоти Саудиро барангехтааст.  

Хабаргузории давлатии Арабистон (Вос) ба нақл аз Вазорати хориҷаи ин кишвар муддаӣ шуд, суханони Макрон дар бораи боздошти Саъд Ҳарирӣ нодуруст буда ва Риёз ҳамвора бо ҳамаи имконот аз амният ва суботи Лубнон дифоъ кардааст.  

Саъд Ҳарирӣ нахуствазири Лубнон чаҳоруми ноябри 2017 дар иқдоме аҷиб дар Риёзи пойтахти Арабистон истеъфои худро аз симмати нахуствазирии Лубнон эълом кард.