Май 31, 2018 13:40 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар мақарри горди миллии Арабистон

Манобеи хабарӣ аз вуқӯи тирандозӣ дар шаҳри Тоиф, воқеъ дар ғарби Арабистони Саудӣ хабар медиҳанд.

Бино бар бархе гузоришҳо, ду фарди мусаллаҳ пас аз ҳамла ба яке аз нерӯҳои амниятӣ, вориди мақарри нерӯҳои горди миллӣ дар хиёбони Ситтин (шастум)-и шаҳри Тоиф шуданд.

Дар моҳҳои ахир бархе шаҳрҳои бузурги Арабистон, аз ҷумла Риёз - пойтхти ин кишвар шоҳиди бурӯзи ҳаводисе будааст, ки ин мавзуъ нотавонии оли Сауд дар барқарории амният дар ин кишварро намоён кардааст.

Давлати Саудӣ аз як сӯ бо афзоиши қиматҳо ва ҷорӣ кардани молиёти сангин сабаби ворид омадани фишори иқтисодӣ ба мардуми ин кишвар шудааст ва аз сӯйи дигар бо боздошти шуморе аз шоҳзодаҳои саудӣ тавассути Ибни Салмон, валиаҳди Арабистон, ҳисси интиқомҷӯӣ дар миёни хонадони салтанатиро барангехтааст.

Моҳи апрел Риёз - пойтахти ин кишвар барои соатҳо саҳнаи даргирӣ миёни афроди ношинос ва нерӯҳои амниятӣ дар ин шаҳр буд. Рӯзномаи “Раъй-ул-явм” дар мақолае ба қалами Холид ал-Ҷеюси дар ин замина навишт: “Бештари саудиҳо моҷарои тирандозӣ дар кохи подшоҳӣ дар Риёзро ба ихтилофоти дохилӣ байни хонадони ҳоким нисбат додаанд”.

Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон низ пас аз ин ҳамла наздик ба як моҳ дар маҳофили умумӣ зоҳир нашуд ва ин гумон тақвият шуд, ки ӯ дар ҷараёни ин ҳамла захмӣ шудааст. Рафтори ғайришаффофи Арабистон дар хусуси иттилоърасонӣ дар ин замина ба густариши овозаҳо дар ин бора афзуд.

 Аммо нуктаи қобили тааммул дар чунин шароите такрори ҳаводиси амниятии машкук дар ин кишвар ва нотавонии оли Сауд дар барқарории амният дар қиболи он аст. Ин мавзуъ баёнгари густариши нокомиҳои оли Сауд дар арсаҳои мухталифи идораи ин кишвар, аз ҷумла дар арсаи амниятӣ аст. Дар ин замина нозирони сиёсӣ бо воковии шароити иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Арабистон сарнавишти онро мушобеҳи Шӯравии собиқ, яъне фурӯпошӣ арзёбӣ мекунанд.

 Дар ин замина Муҷтаҳид, корбари маъруфи арабистонӣ ва ифшокунандаи завоёи пинҳони режими оли Сауд гуфт, бисёре аз нозирон ва таҳлилгарон таҳаввулоти бузургеро барои соли ҷорӣ ё соли оянда дар Арабистон пешбинӣ мекунанд.

Хонадони ҳоким бар Арабистон бо ду мушкили бунёдӣ рӯбарӯ аст. Мавриди нахуст ба тағйироти амиқе, ки дар наҳваи интиқоли қудрати  шуруъшуда дар ин кишвар марбут мешавад. Аз замони шаклгирии Арабистони Саудӣ қудрат ба шакли уфуқӣ миёни фарзандони Абдулазиз, муассиси оли Сауд мунтақил мешуд. Аммо малик Салмон хост, ки интиқоли қудратро аз ҳолати уфуқӣ аз (бародар ба бародар) тағйир диҳад ва қудрат аз падар ба писар бирасад ва ин мавзӯе аст, ки қудратро дар дохили як шоха аз хонадони ҳоким инҳисорӣ мекунад. Ин тағйир дар низоми ҳукуматӣ ба андозаи кудато барои он чӣ аз қабл вуҷуд дошт, маҳсуб мешавад ва ин паёмадҳои бузурге ба дунбол хоҳад дошт, ки то кунун бахши кӯчаке аз он намоён шудааст.

Мавзӯи дигар ба раванди ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии хонадони ҳоким дар Арабистон марбут мешавад. Ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бояд мутавозин бошад, аммо то кунун дар Арабистон ин гуна набудааст.

Дар чорчӯби ба истилоҳ тағйироти бузурги кунунӣ дар Арабистон, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар ба дунболи он аст, ки бояд ҳолати хафақони сиёсӣ ва иҷтимоии кунунӣ ва мавҷи боздоштҳоро низ таъриф кард, ки бар мавҷи мухолифатҳои дохилӣ алайҳи вай афзудааст. Аз ин рӯ аст, ки хонадони Ибни Салмон ҳар лаҳза мунтазири вокуниш ва кудатое аз сӯйи рақибони худ дар хонадони салтанатӣ ба сар мебарад ва амалан зиндагии кобусгунаеро мегузаронад. Таҳаввулоти Арабистон нишон медиҳад, ки оли Сауд дар даврони малик Салмон вазъияти ташвишовартареро доранд.

 

Барчасп