Июн 02, 2018 12:08 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Кумитаи роҳпаймоии ҳаққи бозгашт барои ҳузур дар рӯзи Қудс

Кумитаи миллии роҳпаймоии ҳаққи бозгашт ва шикастани муҳосира, зимни эъломи поёни даҳумин ҷумъаи роҳпаймоии ҳаққи бозгашт, хостори ҳузури густурдаи фаластиниён дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин- ал-явм”, ин кумита дар баёнияе таъкид кард, роҳпаймоии ҳаққи бозгашт дар рӯзи ҷумъаи оянда, ки “ҷумъаи Қудс” номгузорӣ шудааст, идома хоҳад ёфт.

Рӯзи гузашта дар даҳумин ҷумъаи роҳпаймоии ҳаққи бозгашт, ки “Аз Ҳайфо то Ғазза; хун ва сарнавишти муштарак” номгузорӣ шуда буд, як пизишки зани фаластинӣ шаҳид ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Дар ин баёния омадааст, роҳпаймоиҳои ҳаққи бозгашт мутаваққиф нахоҳад шуд то дунё хостаҳои қонунии фаластиниён дар бораи бозгашт ва шикастани муҳосираро бишнаванд.

Кумитаи миллии роҳпаймоии ҳаққи бозгашт ва шикастани муҳосира аз созмонҳои арабӣ ва исломӣ хост, ба масъулиятҳои худ дар ҳимоят аз Қудс ва тақвияти муқовимати мардуми Қудс ва муҳокимаву таҳрими ҳамаи кишварҳое, ки сафоратхонаҳои худро ба Қудс мунтақил мекунанд, амал кунанд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст то мусалмонони саросари олам нафрати худро аз сиёсат‎ҳои нижодпарастонаи режими саҳюнистӣ эълом кунанд.

Роҳпаймоии мусолиматомези “Ҳаққи бозгашт” аз 30-юми март ба муносибати “Рӯзи Замин” дар навори марзии борикаи Ғазза ва сарзаминҳои ишғолӣ оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад. То кунун беш аз 120 фаластинӣ дар ин тазоҳурот шаҳид ва ҳазорон нафар захмӣ шуданд.

 

Барчасп