Июн 16, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ Ғаззаро бомбаборон карданд

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ҷумъашаб борикаи Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд.

Манобеи фаластинӣ эълом карданд, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ мавозеи нируҳои муқовамати фаластиниро дар шимоли борикаи Ғазза, бомбаборон кардаанд.

Ҳанӯз гузорише аз талафот ва хисоратҳои ин ҳамалот мунташир нашудааст.

Режими саҳюнистӣ аз декабри гузашта, даври ҷадиди ҳамалоти ҳавоӣ ба борикаи Ғаззаро дар дастури кори худ қарор додааст.

Дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза токунун ҳазорон фаластинӣ, шаҳид ва захмӣ шудаанд.

Борикаи Ғазза аз соли 2006 таҳти муҳосираи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии Исроил қарор дорад ва сокинони ин борика бо мушкилоти бисёре рӯбарӯ ҳастанд.