Кумаки Исроил ва Фаронса ба Оли Сауд дар ҷанги Ал Ҳудайда; Бомбаборони соҳили ғарби Яман тавассути ҷангандаҳои саҳюнистӣ
(last modified 2018-06-16T16:27:43+00:00 )
Июн 16, 2018 21:27 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Исроил ва Фаронса ба Оли Сауд дар ҷанги Ал Ҳудайда; Бомбаборони соҳили ғарби Яман тавассути ҷангандаҳои саҳюнистӣ

Зайфуллоҳ ал Шомӣ, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳ ба шабакаи хабарии Ал Олам гуфт, ки ҷангандаҳои исроилӣ иқдом ба бомбаборон дар набарди соҳили ғарбӣ кардаанд.

Узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳ тасреҳ кард, ки нируҳои мутаҷовиз аз мондан дар манотиқи набард нотавонанд ва нируҳои Яман масирҳои тадорукотии мутаҷовизинро дар меҳварҳои Алфоз, Илҷоҳ ва ал Дирҳамӣ қатъ карданд.

Ал Шомӣ гуфт, ки нируҳои мутаҷовиз нафар кушта дода ва 4 километр аз фурудгоҳи Ал Ҳудайда ақибнишинӣ карданд. вай хотирнишон намуд, ки нируҳои муштараки Яман, ҷанги фарсоишӣ зидди мутаҷовизин дар набарди соҳили ғарбӣ ба роҳ андохтаанд.

Гуфтанист, рӯзномаи “Lofigaré” Фаронса нисбат ба ҳузури нируҳои муҳоҷими фаронсавӣ дар набарди соҳили ғарбӣ дар канори нируҳои Иморот эътироф кард.

Ҳамчунин, ҳамлаи мушакӣ ва тӯпхонаӣ ба артиши Саудӣ дар Ҷабали Қайс ва пойгоҳи Ал Сиёба дар Ҷизон, ки бо ҳамла ба таҷаммӯи ин артиш дар маркази Ал Арар дар Ҷабали Қайс ҳамроҳ буд, ки албатта ягонҳои мушакӣ ва тӯпхонаии Оли Сауд, манотиқ ва рустоҳои бахши марзии Манба дар Саъдаро ҳадаф қарор доданд.