Июн 23, 2018 17:49 Asia/Dushanbe
  • Идомаи қурбонӣ шудани шаҳрвандони яманӣ дар ҳамалоти эътилофи Саудӣ

Ҳамзамон бо идомат даргириҳо дар Ал Ҳудайда дар ғарби Яман, ҳавопаймоҳои ҷангии эътилофи мутаҷовизи Саудӣ низ ҳамалоти ҳавоии худро дар устони Саъда (шимоли Яман), ташдид карданд.

Ба гузориши шабакаи Ал Масира, дар пайи ҳамалоти эътилофи мутаҷовизони Саудӣ, ки ду манзил дар минтақае дар шаҳри Зоҳири устони Саъда, ҳадаф қарор гирифт панҷ ғайри низомӣ, ки дар миёни онон аҷсоди занон ва кӯдакон низ дида мешавад, қурбонӣ шуданд.

Ба гуфтаи як манбаи маҳаллӣ дар устони Саъда, ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ шаш бор минтақаи Ал Заҳур дар шаҳри Розиҳ ва чорбори дигар маҳаллаҳои ин шаҳрро бомбаборон карданд.

Минтақаи Ал Атифин дар шаҳри Китоф низ ду бор ҳадафи ҳамалоти ҳавоии этилофи Саудӣ қарор гирифт.

Ҷангандаҳои Саудӣ ҳамчунин як мадраса дар шаҳристон Шадо дар устони Саъдаро ҳадаф қарор доданд, ки илова бар захмӣ шудани як ғайринизомӣ, хисоратҳои зиёде ба он ворид карданд.

Як манбаи низомӣ дар вазорати дифои Яман ҳам ба хабаргузории Спутник эълом кард, як низомии Саудӣ ба зарби гулӯлаи яке аз тактирандозҳои ҷунбиши Ансоруллоҳ дар минтақаи Наҷрон дар ҷануби ғарби Арабистон кушта шуд.

Ҳамчунин дар ҳамлаи нируҳои яманӣ ба мавозеи низомии нируҳои вобаста ба Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман дар Наҷрон ҳам шуморе аз мутаҷовизон кушта ё захмӣ шуданд.

Ҳамзамон артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар чанд амалиёти низомӣ беш аз 11 худрави ҷангии мутаҷовизон ва муздурони Саудиро дар ҷабҳаҳои соҳили ғарби Яман, мунҳадим карданд.

Аз сӯи дигар тактирандозони яманӣ як низомии саудиро дар наздикии пойгоҳи Ал Садис дар устони Наҷрон, ҷануби Арабистон ҳадаф қарор доданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико ва чанд кишвари арабӣ аз марти 2015 ба баҳонаи баргардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат, ба ин кишвар ҳамла кард ва ба рағми ҳамалоти ҳавоӣ ва муҳосираи ҳамаҷонибаи Яман, ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ нарасидааст.

 

Барчасп