Июн 30, 2018 17:38 Asia/Dushanbe
  • Тирборони навҷавони фаластинӣ, гувоҳе бар террористӣ будани режими саҳюнистӣ

Гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ дар вокуниш ба шаҳодати Ёсир Абулнаҷо бо баёни ин ки хуни ин шаҳид ба ҳадар нахоҳад рафт ва ин ҷиноят бепосух нахоҳад монд, бар лузуми муҳокимаи сарони Тел Авив таъкид карданд.

Дар ҷараёни тирандозии рӯзи гузаштаи (ҷумъа) низомиёни саҳюнист ба самти тазоҳуркунандагон дар борикаи Ғазза, Ёсир Абулнаҷо, навҷавони 13сола дар шарқи шаҳри Хон Юнус ба шаҳодат расид.

Ҳозим Қосим, сухангӯи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо ишора ба тирборони навҷавони 13 солаи фаластинӣ ба дасти низомиёни саҳюнист бар лузуми шикоят, алайҳи ҷиноёти режими Исроил дар Девони байналмилалии кайфарӣ (Гаага) таъкид кард.

Довуд Шиҳоб, сухангӯи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ эълом кард, наҳваи тирборон ва ба шаҳодат расондани Ёсир Абулнҷо, гувоҳн бар терроризм будани душмани саҳюнистӣ аст.

Вай бо таъкид бар инки ҷинояти режими саҳюнистӣ ҳаргиз бепосух намемонад, тасреҳ кард, хуни ин шаҳид, гиребонгири тамоми муддаиёни дурӯғини ҳуқуқи башар хоҳад шуд, ки дар баробари ин ҷиноят сукут кардаанд.

Дар ҷараёни тазоҳуроти мусоламатомези рӯзи гузашта дар навори марзии борикаи Ғазза бо сарзаминҳои ишғолӣ, ду фаластинӣ тавассути низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расиданд ва беш аз 420 нафар низ захмӣ шуданд.

 

Барчасп