Июн 30, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • Зарбаи нируҳои яманӣ ба мутаҷовизони Саудӣ дар саҳрои Миди

Дар амалиёти артиш ва кумитаҳои мардумии Яман алайҳ мутаҷовизон дар саҳрои Мидии устони Ҳаҷа, панҷ дастгоҳ худрави низомии мутааллиқ ба эътилофи Саудӣ, мунҳадим шуд ва ҳамаи сарнишинони он ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши Ал Масира, нируҳои яманӣ ҳамчунин муваффақ шуданд як тонки мутааллиқ ба мутаҷовизонро саҳрои Миди мунҳадим кунанд.

Нируи дарёӣ ва дифои соҳилии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман амалиёти ҳелибурни нируи дарёии эътилофи саудӣ- иморотӣ дар соҳили ғарби Яманро ноком гузошт ва мутаҷовизонро ба ақибнишинӣ водор кард.

Нируҳои эътилофи Арабистон ва Иморот, аз 19 июн аз тариқи замин, дарё ва ҳаво ба бандар ва фурудгоҳи Ал Ҳудайда ҳамла карданд то ин бандари муҳиммро ишғол кунанд, аммо бо муқовамати нируҳои мардумӣ ва Ансоруллоҳи Яман, ноком монданд.

Аз сӯи дигар, дар пайи иқдоми ахири давлати Малайзия ба хурӯҷ аз эътилофи мутаҷовизи саудӣ - иморотӣ алайҳ Яман, тайи ду моҳи оянда, вазорати хориҷаи Яман аз кишварҳои узви ин эътилоф хост, зимни бознигарӣ дар сиёсатҳои худ, ба ҳузурашон дар Яман поён диҳанд.

Ҳамалоти мутаҷовизон ба Яман аз марти 2015, даҳҳо ҳазор кушта ва захмӣ барҷой гузоштааст.

 

Барчасп