Ҳамсари Абуумар Алшишонӣ боздошт шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i36787-Ҳамсари_Абуумар_Алшишонӣ_боздошт_шуд
Полиси Туркия эълом кард, ки ҳамсари вазири ҷанги ДИИШ дар ҷамъи афродест, ки рӯзи чаҳоруми июл дар Истанбул боздошт шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 21, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсари Абуумар Алшишонӣ боздошт шуд

Полиси Туркия эълом кард, ки ҳамсари вазири ҷанги ДИИШ дар ҷамъи афродест, ки рӯзи чаҳоруми июл дар Истанбул боздошт шудаанд.

Мақомоти амниятии Туркия эълом карданд, ки ҳамсари Абуумар Алшишонӣ аз фармондеҳони пешини ДИИШ дар Истанбул боздошт шудааст.

Вай байни панҷ нафарест, ки чаҳоруми июл ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ, дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Истанбул боздошт шуд.  

Ҳуввияти аслии ин фард, ки С.Д. муаррифӣ шуда пас аз чандин рӯз бозҷуӣ ва мушаххас шудани ҷаълӣ будани гузарномааш ошкор шуд.

Ӯ дорои ду фарзанди писар аз Алшишонӣ аст, вале макони онҳо номушаххас аст.  

Абуумар Алшишонӣ, ки ба вазири ҷанги ДИИШ ва дасти рости Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳи террористӣ шуҳрат дошт, табааи Гурҷистон буд, ки дар ниҳоят дар июли 2016 дар амалиёти амниятии нерӯҳои ироқӣ дар Мусил кушта шуд.