Июл 22, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Табдили як мактаб дар Сурия ба зиндони махуфи амрикоиҳо

Хабаргузории Анатолии Туркия шанбешаб гузориш дод, неруҳои амрикоӣ дар шаҳри Раққа, шимоли Сурия бинои як мактабро ба як зиндони бузурги махуф табдил кардаанд.

Хабаргузории Анатолӣ афзуд: Ин зиндон дар бинои як мактаби қадимӣ дар миёнаи шаҳраки Айн Исо дар шимоли Раққа эҷод ва ба як зиндони бузург табдил шуда, ки ҳазорон тан дар он маҳбус ҳастанд.

Хабаргузории Анатолӣ дар идома овард: Тамоми кормандони ин зиндон, амрикоӣ ҳастанд ва ба сурати комилан махфиёна кор мекунанд.

Неруҳои амрикоӣ ин зиндонро, ки ҳудуди 30 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, бо дурбинҳои мадорбаста назорат мекунанд.

Шаҳри Раққа, маркази устони Раққа, ки аз соли 2013 дар ишғоли ДИИШ буд, дар 17 октябри 2017 ба таври комил аз тасарруфи ДИИШ хориҷ шуд ва таҳти контроли неруҳои демократии Сурия қарор гирифт, ки аз пуштибонии Амрико бархурдоранд.

Барчасп