Артиши Яман: Ғофилгириҳои бузурге барои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар роҳ аст
Июл 22, 2018 19:13 Asia/Dushanbe
Муовини сухангуи артиши Яман дар бораи тадовуми таҷовузҳои эътилофи Арабистони Саудӣ ба Яман ҳушдор дод.
Азиз Рошид, муовини сухангуи артиши Яман, гуфт, нерӯҳои Ямани ба зудӣ амалиёти ғофилгиркунандае зидди эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба намоиш хоҳанд гузошт.
Вай бо ишора ба пешрафтҳои нерӯи низомӣ ва дифоии Яман, гуфт, нерӯҳои яманӣ дар талош барои тавлиди анвои дигаре аз паҳподҳои қудратманд бо бурди бештар ҳастанд.