Зарурати ташкили ҷабҳаи байналмилалӣ алайҳи қонуни нажодпарастонаи кишвари яҳуд
Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин дар номае ба Маҳотир Муҳаммад, нахуствазири Малайзия хостори таҳарруки ҷиддию муассири ҷаҳони Ислом ва ҷомеаи байналмилалӣ ба манзури маҳкумияти қонуни кишвари яҳуд ва мутаваққиф кардани иҷрои он шуд.
Кнессет, парлумони режими саҳюнистӣ 19-уми июл Қонуни кишвари яҳудро, ки тамоми Фаластини ишғолиро сарзамине фақат барои саҳюнистҳо эълом карда, фаластиниёнро аз тамоми ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва инсонӣ маҳрум мекунад, ба тасвиб расонд. Бар асоси ин қонун, сарзамини Фаластин Ватани саҳюнистҳо талаққӣ шуда, ҳамчунин Қудс ба унвони пойтахти Исроил ва забони ибрӣ низ забони расмии Исроил хоҳад буд.
Нозирони сиёсӣ тасвиби Қонуни кишвари яҳуд дар парлумони режими саҳюнистиро иқдоме барои таҳкими нажодпарастии Исроил арзёбӣ карданд. Режими саҳюнистӣ ба шаклҳои мухталиф дар садад аст, ки ба сиёсатҳои нажодпарастонааш расмият бидиҳад ва заминаро барои қабулонидани он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фароҳам кунад. Ҷорҷ Зариф дар рӯзномаи урдунии «Алрайъ» навишт, тасвиби ин қонун дар парлумони Исроил ба манзилаи тақвияти низоми нажодпарастӣ аст ва Исроил бо тасвиби ин қонун нажодпарастиро алайҳи миллати Фаластин иҷро мекунад.
Қонуни кишвари яҳуд тавтеаи пинҳонӣ дар қолаби муомалаи қарн аст, ки тавассути давлати Амрико тадвин шудааст. Ин тарҳ ба манзилаи “чароғи сабз”-е аз ҷониби Амрико ба режими саҳюнистӣ ҷиҳати пешбурди сиёсатҳои нажодпарастонааш дар минтақа маҳсуб мешавад. Ин “чароғи сабз” пас аз интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Қудс ба режими саҳюнистӣ дода шуд. Коршиносон ҳадаф аз ироаи ин гуна тарҳҳо ва ба истилоҳ қавонине аз сӯйи Амрико ва режими саҳюнистиро поён додан ба масъалаи Фаластин ва комилан зоеъ кардани ҳуқуқи фаластиниҳо қаламдод мекунанд. Гурӯҳе дигар аз коршиносон низ муътақиданд, гузашти замон беш аз пеш ин мавзӯъро намоён кардааст, ки Трамп бо тарҳи муомилаи қарн дар садади фазосозӣ барои эҷоди як давлати яҳудии аз Нил то Фурот аст.
Фоиз Рашид дар рӯзномаи “Алватан”, чопи Уимон навишт , ки ин қонун ба манзилаи тақвияти нажодпарастии саҳюнистӣ ва лағви ҳаққи бозгашти фаластиниҳо ва ҷанбаи қонунӣ бахшидан ба шаҳраксозӣ ва ҷанг, куштори ҷамъии фаластиниҳост. Ба эътиқоди ӯ, ин қонун марҳалае аз муҳайёсозии тарҳи саҳюнистии фарогиртар ва хатарноктар, яъне тарҳи кишвари бузурги Исроил аст. Режими саҳюнистӣ аҳдофи мухталиферо аз таҳаррукоташ ҷиҳати қабулонидани худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба унвони давлати яҳудӣ дунбол мекунад. Ихроҷи комили фаластиниҳои сокини манотиқи ишғолии соли 1948, ки ҳудуди 1,5 миллион нафар ҳастанд, аз аҳдофи аслии даври ҷадиди таҳаррукоти султаҷӯёнаи режими саҳюнистӣ дар арозии ишғолии Фаластин маҳсуб мешавад. Режими саҳюнистӣ ба шаклҳои мухталиф дар садади кӯчондани иҷбории фаластиниҳо будааст ва тарҳу қавонини густурдаи ин режим дар хусуси ихроҷи фаластиниён аз сарзаминашон ва низ эъмоли сиёсатҳои шадиди табъизи нажодӣ алайҳи фаластиниён аз ҷумлаи ин иқдомот будааст. Кӯтоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар бархӯрд бо режими нажодпарасти саҳюнистӣ ва тавтеаи амрикоӣ муомилаи қарн хатари тасбити навъи дигаре аз нажодпарастӣ дар арсаи байналамилалиро дорад. Табаоти чунин вазъият бо таваҷҷуҳ ба оқибатҳои мухаррибе, ки саҳюнизм дорад, ба маротиб хатарноктар аз мухотироти соири шаклҳои нажодпарастӣ барои ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад буд.