Режими саҳюнистӣ боз ҳам монеи расидани каштии озодӣ ба савоҳили Ғазза шуд
(last modified 2018-07-29T13:06:18+00:00 )
Июл 29, 2018 18:06 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ боз ҳам монеи расидани каштии озодӣ ба савоҳили Ғазза шуд

Режими саҳюнистӣ бори дигар иҷоза надод, каштии фаъолони ҳуқуқи башарӣ ба навори Ғазза бирасад ва нерӯи дарёии ин режим, каштии мазкурро тавқиф ва ба бандари Ашдод дар Фаластини ишғолӣ ҳидоят кард.  

Кумитаи ҷунбиши миллӣ барои шикасти муҳосираи Ғазза эълом кард, нерӯи дарёии режими саҳюнистӣ имрӯз каштии “Бозгашт”-ро тавқиф ва ба самти бандари Ашдод дар Фаластини ишғолӣ ҳидоят кардааст.

Ин кумита пештар эълом карда буд, агар нерӯи дарёии режими саҳюнистӣ музоҳимате эҷод накунад, каштии “Бозгашт” дар қолаби новгони панҷуми озодӣ имшаб вориди савоҳили навори Ғазза мешавад ва каштии дувум душанбе мерасад.