Август 05, 2018 18:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори нерӯи ҳавоии артиши Яман ба мутаҷовизони Саудӣ

Сухангуи нерӯи ҳавоии артиши Яман эълом кард: Манобеи нафтӣ дар минтақа дар тирраси паҳподҳо ва мушакҳои баллистики нерӯҳои яманӣ қарор доранд.

Нерӯи ҳавоии Яман рӯзи гузашта бо паҳподи “Қосиф 1” пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар устони Асир дар ҷануби ғарби Арабистонро ҳадаф қарор дод.  

Абдуллоҳ Алҷаъфарӣ, Сухангуи нерӯи ҳавоии артиши Яман таъкид кард: Ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар Асири Арабистон посухе ба ҷиноёт ва куштори ахири эътилофи мутаҷовиз дар шаҳри Алҳудайда буд, ки ба дунболи он даҳҳо тан аз бегуноҳон кушта ва ё захмӣ шуданд.

 

Барчасп