Марги мубаллиғи арабистонӣ дар зиндонҳои Оли Сауд
Август 14, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
Ҳисоби корбарии зиндониёни ақида дар Арабистон дар Твиттер аз марги яке аз мубаллиғони зиндонӣ ва ногувор шудани ҳол як зиндонии сиёсии дигар дар ин кишвар хабар доданд.
Ҳисоби корбарии Маътақлӣ Алрой дар Твиттер навишт: Сулаймон Аҳмад Алдвиш, мубаллиғи арабистонӣ, ки 22 апрели 2016 дастгир шуда буд, дар зиндон бар асари шиканҷа ҷони худро аз даст додааст.
Мухолифони арабистонӣ ҳамчунин аз вахим шудани ҳоли Сафар Алҳаволӣ, аз уламои Арабистон, ки ӯ низ дар зиндони Саудӣ аст, хабар доданд.