Пешниҳоди Созмони Милал барои ҳимоят аз фаластиниҳо
(last modified Sat, 18 Aug 2018 07:42:47 GMT )
Август 18, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Созмони Милал барои ҳимоят аз фаластиниҳо

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид тайи як гузорише тарҳеро барои ҳимоят аз фаластиниҳо дар сарзаминҳои ишғолшуда ироа кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Скай Нюс” - и арабӣ, Антониу Гутерреш гузориши 14 сафҳаии худро ба дархости Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳия кардааст.

Вай дар ин гузориш таъкид кардааст, иҷрои ин тарҳи чаҳоргона машрут ба ҳамкорӣ миёни режими саҳюнистӣ ва мардуми Фаластин аст, аммо баид ба назар мерасад, ки Тел - Авив бо ин тарҳ мувофиқат кунад.

Тақвияти ҳузури майдонии Созмони Милал дар сарзаминҳои ишғолӣ, афзоиши кумакҳои башардӯстона барои сокинони сарзаминҳои ишғолӣ, ташкили як ҳайати назорати ғайринизомӣ дар манотиқи ҳассос монанди исти бозрасиҳо ва истиқрори як нерӯи низомӣ аз тарафи Созмони Милал дар сарзаминҳои ишғолӣ аз бандҳои ин тарҳ аст.

Амалӣ шудани пешниҳодҳои дабири кулли СММ ниёзманди судури қатъномаи Шӯрои амнияти ин созмон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин тарҳҳо дар ростои таъмини амнияти мардуми Фаластин аст ва Амрико онро бар хилофи манофеи режими саҳюнистӣ медонад, мумкин аст бо ветои Вашингтон мувоҷеҳ шавад.