Бозпасгирии беш аз 96 дарсади хоки Сурия аз террористҳо
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i37540
Вазорати дифои Русия аз бозпасгирии беш аз 96 дарсади хоки Сурия аз террористҳо хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 22, 2018 20:25 Asia/Dushanbe
  • Бозпасгирии беш аз 96 дарсади хоки Сурия аз террористҳо

Вазорати дифои Русия аз бозпасгирии беш аз 96 дарсади хоки Сурия аз террористҳо хабар дод.

Вазорат эълом кард, аз ибтидои амалиёти низомии ин кишвар дар Сурия дар 2015 то кунун 96.5 дарсади хоки Сурия аз террористҳо пас гирифта шудааст.

Вазорати дифои Русия таъкид кард, ин кишвар 100 ҳамла бо мушакҳои болдори калибр ба мавозеи террористҳо дар Сурия доштааст.