Бахшномаи аҷиби иморотиҳо дар бораи пӯшидани ҷома
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i37651-Бахшномаи_аҷиби_иморотиҳо_дар_бораи_пӯшидани_ҷома
Давлати Иморот бахшномаи аҷиберо хитоб ба шаҳрвандони ин кишвар дарбораи пӯшиши або ва радо (ҷома ва болопӯш) дар муносибатҳои расмӣ ва рӯзҳои ид мунташир карда, ки вокуниши фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро барангехтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 27, 2018 09:29 Asia/Dushanbe
  • Бахшномаи аҷиби иморотиҳо дар бораи пӯшидани ҷома

Давлати Иморот бахшномаи аҷиберо хитоб ба шаҳрвандони ин кишвар дарбораи пӯшиши або ва радо (ҷома ва болопӯш) дар муносибатҳои расмӣ ва рӯзҳои ид мунташир карда, ки вокуниши фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро барангехтааст.

Бар асоси ин бахшнома, ки давлати Иморот содир ва рӯзномаи « ал-Иморот ал Явм» онро мунташир кардааст, шаҳрвандони иморотӣ бояд субҳҳо танҳо або ва радои қаҳваӣ (қаҳваранг) бар тан кунанд.

Давлати Иморот дар ин бахшнома афзудааст, або ва радое, ки ранги қаҳваии тира доранд бояд аз баъд аз намози зӯҳр то каме қабл аз ғуруб пӯшида шавад.

Иморотиҳо шабҳангом низ бояд або ва радои тира ва сиёҳранг бипушанд.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки ин бахшномаи расмӣ, шаҳрвандони иморотиро аз пӯшидани абои сафедранг манъ мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммад ибни Зоид, валиаҳди Абу Забӣ борҳо бо радо ва абои сафедранг дар назари умумӣ зоҳир шудааст.

Фаъолони иҷтимоӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин бахшномаро ба сухра (ришханд, мазоҳ) гирифтанд ва эълом карданд, барои судури чунин бахшномае ҳеҷ иллате зикр нашудааст.