Октябр 03, 2018 12:30 Asia/Dushanbe
  • Интихоби Барҳам Солеҳ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Ироқ

Барҳам Аҳмад Солеҳ, номзади иттиҳодияи “Меҳан” - и Курдистони Ироқ, раиси ҷумҳурии ҷадиди ин кишвар шуд.

Барҳам Аҳмад Солеҳ дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи парлумони Ироқ аз байни ҳафт номзади раёсати ҷумҳурӣ, ки ҳамагӣ аз чеҳраҳои сиёсии курд буданд, ба унвони севумин раиси ҷумҳурии Ироқ дар даврони пас аз диктатории Саддом муаррифӣ шуд.

Раиси ҷумҳурии ҷадиди Ироқ, ки дар Курдистони ин кишвар аз сиёсатмадорони таҳаввулгаро маҳсуб мешавад, 58 сола ва мутаваллиди шаҳри Сулаймония аст, ки дар муқоиса бо ҳамтоёни қаблӣ ҷавонтарин раисҷумҳури Ироқ аст.

Нахуствазирии минтақаи Курдистони Ироқ, муовинати нахуствазир ва муовинати нахуствазирӣ дар умури иқтисодӣ аз симатҳои қаблии Барҳам Аҳмад Солеҳ будааст.

Вай пас аз интихобаш ба унвони раисҷумҳури ҷадиди ин кишвар, дар ҳузури намояндагони парлумон, савганди президентӣ ёд кард ва гуфт, ҳомии Ироқи якпорча аст ва дар ростои ҳифозат ва ҳимоят аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии Ироқ гом бархоҳад дошт.

Барҳам Солеҳ сешанбешаб расман Одил Абдулмаҳдиро масъули ташкили кобинаи ҷадиди ин кишвар кард.

Ҳайдар Алибодӣ, нахуствазир, Муқтадо Садр, раис ҷараёни “Садр” ва Фуод Маъсум, раисҷумҳури пешини Ироқ сешанбешаб интихоби Барҳам Солеҳ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Ироқро табрик гуфтанд.

Раиси ҷумҳурии Ироқ аз соли 2005 то кунун ба Ҳизб иттиҳодияи “Меҳан” – и курд вобаста будааст.