Октябр 07, 2018 18:08 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони арабистонӣ: Оли Сауд роҳи хушунат алайҳи мухолифонро дар пеш гирифтааст

Дар ҳоле, ки хабари ба қатл расидани Ҷамол Хошқчӣ, нависанда ва мунтақиди арабистонӣ дар консулгарии ин кишвар дар Туркия мавҷе аз интиқодҳоро алайҳи мақомоти Саудӣ барангехтааст, мухолифони ҳуқуқӣ ва фаъолони арабистонӣ онро хушунат ва ваҳшигарӣ алайҳи мухолифон тавсиф карданд.

Яҳё Асирӣ, фаъоли ҳуқуқии арабистонӣ гуфт: Қатли Ҷамол Хошқчӣ, нишондиҳандаи як системаи ваҳшиёнаи раъбовар дар дохили Арабистон аст ва Хошқчӣ, ки мақолотеро дар рӯзномаи Вашингтон Пости Амрико мунташир мекард, охирин садое буд, ки бо таблиғоти Муҳаммад бин Салмон ба унвони як шахсияти ислоҳталаб мухолифат мекард.  

Абдулазиз Алмавид, дигар фаъоли ҳуқуқии арабистонӣ тасреҳ кард: Фаъолон ва мухолифони Саудӣ медонанд, ки низоми Саудӣ онҳоро зери назар дорад, ба ҳамин далел аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳанд, ки мавзеи қотее дар баробари ин иқдомот дар пеш гиранд.

 

Барчасп