Октябр 13, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Инкори вазири Саудӣ ба даст доштани Риёз дар қатли Хошуқҷӣ

Дар ҳоле, ки тамом шавоҳид нишондиҳандаи рубуда шудан ва марги Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори норозии Саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истамбул аст, вазири кишвари Саудӣ даст доштани кишвараш дар ин мавзӯро мункир шуд.

Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф, вазири кишвари Арабистон дар изҳороте, ки хабаргузории расмии Арабистон (Вос) мунташир кард, хабари судури фармони қатли Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишварро рад кард ва онро дурӯғ ва иддаое бепояву беасос хонд.

Ибни Ноиф зимни ибрози умедворӣ барои ташкили кумитаи таҳқиқи муштарак бо давлати Туркия, ҷиҳати дастёбӣ ба гузоришҳои расмӣ дар ин хусус, иддао кард, Арабистон ҳифзи масолеҳи шаҳрвандони худ дар дохил ва хориҷи кишварро маддиназар қарор медиҳад ва Риёз моил ба кашфи ҳақиқат дар бораи сарнавишти Ҷамол Хошуқҷӣ аст.

Ҷамол Хошуқҷи дуввуми октябр, пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбул Туркия нопадид шуд. Расонаҳо чанд рӯз баъд гузориш доданд, ки ҷасади Хошуқҷӣ ба сурати мисла(пора-пора) шуда ва бо осори фаровони шиканҷа дар Истамбул пайдо шудааст.

Номи Хошуқҷӣ дар феҳрасти афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими Оли Сауд қарор дошт ва вай аз бими боздошт шудан, дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.

 

Барчасп