Идомаи қатли оми яманиҳо аз тарафи Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i3883-Идомаи_қатли_оми_яманиҳо_аз_тарафи_Арабистон
Дар бомбаборони шаҳри Арҳаби Яман аз тарафи ҷангандаҳои артиши Арабистон, дастикам даҳҳо ғайринизомии яманӣ кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 10, 2016 12:48 Asia/Dushanbe
  • Идомаи қатли оми яманиҳо аз тарафи Арабистон

Дар бомбаборони шаҳри Арҳаби Яман аз тарафи ҷангандаҳои артиши Арабистон, дастикам даҳҳо ғайринизомии яманӣ кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Яман (Сабо), ҷангандаҳои артиши Арабистон рӯзи шанбе дар чанд навбат, минтақаи Байтсаъдони шаҳри Арҳаб дар устони Санъои Яманро бомбаборон карданд, ки бар асари он даҳҳо ғайринизомӣ кушта ё захмӣ шуданд.

Шабакаи телевизионии Аламаёдини Лубнон, гузориш дод, дар 18 ҳамлаи ҳавоии эътилофи Саудӣ, дастикам 50 ғайринизомии яманӣ кушта ва ё захмӣ шуданд.

Ҷангандаҳои Саудӣ ҳамчунин имрӯз шанбе дар чанд навбат, фурудгоҳи байналмилалии Санъо, пойтахти Яманро бомбаборон карданд, ки бар асари ин бомбаборон, хисороти фаровоне ба таъсисоти фурудгоҳ ворид шуд.

Воҳиди мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳам рӯз шанбе дар посух ба ҳамалот саудиҳо, бо як адад мушаки Скад, нерӯгоҳи барқии минтақаи Алшақиқ дар Ҷизон, дар ҷануби Арабистонро ҳадаф қарор дод.

Шабакаи телевизионии Алмасираи Яман, низ аз инҳидоми як тонки муздурони Саудӣ дар минтақаи Алғили устони Алҷуф дар шимоли Яман хабар дод. Дар ин ҳамла чанд низомии саудӣ ба ҳалокат расиданд.

Таҷовузи 17 моҳаи Арабистон ба Яман, ки бо сукути маҳофили байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст, то кунун илова бар даҳҳо ҳазор кушта ва ҳазорон захмӣ, мунҷар ба тахриби зерсохтҳои аслии ин кишвар низ шудааст.