Ҳушдори Созмони Милал дар бораи вазъияти мардуми Яман
Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона ва имдодрасонӣ ҳушдор дод, ниме аз ҷамъияти Яман бо хатари қаҳтӣ мувоҷеҳ шудааст.
Ба гузориши ИРНА, Марк Лоукок, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона ва имдодрасонӣ эълом кард, ҳудуди 14 миллион нафар дар Яман мумкин аст ба зудӣ барои бақо, ба кумакҳои инсонӣ вобаста шаванд.
Ба гуфтаи Марк Лоукок, СММ дар ҳоли ҳозир интиқоли кумак ба ҳудуди 8 миллион нафар дар Яманро ҳамоҳанг мекунад ва идомаи набардҳо дар атрофи бандари Ҳудайда, (ғарби Яман ) боиси шадидтар шудани буҳрони инсонӣ шудааст.
Лоукок ҳамчунин оташбас, муҳофизат аз кумакҳои ғизоӣ ва маҳсулоти зарурӣ дар саросари Яман, афзоиши ҳимоятҳои молӣ ва инсонӣ ва вуруди тарафҳои даргир ба музокироти сулҳи Яманро хостор шуд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 бо ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар сабаби кушта шудани беш аз 14 ҳазор ғайринизомӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ шудааст.