Ноябр 01, 2018 19:14 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Яман аз нигариши дугонаи СММ ба ҷиноёти Арабистон

Раиси кумитаи олии инқилоби Яман аз нигариши дугонаи Созмони Милали Муттаҳид дар ташкили кумитаи таҳқиқ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Оли Сауд ва аз сӯи дигар нодида гирифтани дархостҳои пайдарпайи мардуми Яман барои пайгирии ҷиноёт саудиҳо, ибрози таассуф кард.

Муҳаммадал ал Ҳавсӣ, раиси кумитаи олии инқилоби Яман тасреҳ кард, мардуми Яман, аз ҳар гуна иқдом барои таҳрим ва муҷозоти қотилони Ҷамол Хошуқҷӣ истиқбол мекунанд, аммо ҳамзамон интизор доранд, СММ ба таҳаққуқи адолат барои мардуми Яман, ки аз ваҳшигарӣ, иқдомоти террористии кишварҳои мутаҷовиз ва нодида гирифта шудани бадтарин фоҷиаи инсонии ҷаҳон ба танг омадаанд, таваҷҷуҳ дошта бошад.

Вай бо таъкид бар ин ки СММ ба 5 ҳазор мавриди нақзи ҳуқуқи башар тавассути эътилофи амрикоӣ- саудӣ- иморотӣ ва ҳампаймононашон дар Яман эътироф кардааст,ташкили кумитаҳои таҳқиқи байналмилалӣ бо ҳадафи баррасии ҷиноёти кишварҳои узви эътилофи мутаҷовизон дар Яманро хостор шуд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар дар 3 соли гузашта, бо таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар, токунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазорнафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп