Ноябр 21, 2018 20:19 Asia/Dushanbe

Ташдиди ҷанг дар Яман ба кушта шудани ҳудуди 85 ҳазор кӯдак бар асари гуруснагӣ ё беморӣ, мунҷар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Созмони ғайри давлатӣ бо  номи “кӯдаконро наҷот диҳед” (Save the children) рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, бар асоси оморҳои Созмони Милали Муттаҳид барои арзёбии мизони марг бар асари гуруснагии шадид ва беморӣ дар кӯдакони камтар аз панҷ сол, ҷанг дар Яман ба кушта шудани ҳудуди 85 ҳазор кӯдак бар асари гуруснагӣ ё беморӣ мунҷар шудааст.

Дар ин баёния омадааст, бар асоси оморҳои СММ аз апрели 2015 то октябри 2018, ҳудуди 84 ҳазору 701 кӯдак дар Яман бар асари гуруснагӣ ё беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Афзӯн бар ин, шумори зиёде аз кӯдакон низ бар асари ҳамалоти маргбор дар ин кишвари фақир кушта шудаанд.